Моҳи сентябр ва октябри соли равон президенти Русия Владимири Путин аз Озарбойҷону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боздид мекунад, хабар медиҳад нашрияи “Известия” бо истинод ба ёвари сарвари давлати Русия оид ба корҳои байнулмилалӣ Юрий Ушаков.

“Охири моҳи сентябр президенти Русия Владимир Путин ба Озарбойҷон сафар мекунад. Ғайр аз ин, рӯзҳои 27-28 сентябр сарвари давлат дар вохӯрии сарони кишварҳои ИДМ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ширкат меварзад”, - гуфтааст ӯ.

Гуфта мешавад, моҳи ноябр сафари президенти Русия Владимир Путин ба Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки охири моҳи сентябр дар Душанбе доир мегардад, баррасии масоили ҳамкориҳои сиёсӣ ва гуманитарӣ ва таъмини амният, аз ҷумла муҳокимаи лоиҳаи Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023 дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.