Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Раҳмон Алвӣ ба муносибати интихоб шуданаш ба ин мансаби олӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки Тоҷикистон аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрии васеъ бо Покистон қаноатманд буда, ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари некбинона дорад.

“Изҳори итминон менамоям, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои мо ба нафъи мардумонамон ба зинаҳои боз ҳам баландтар бардошта хоҳанд шуд”, - омадааст дар барқия.

Ориф Раҳмон Алвӣ номзад аз ҳизби ҳокими “Таҳрик-и-Инсоф” буда, санаи 4 сентябр президенти 13-уми Покистон интихоб шуд. Барои мансаби президентӣ ба ҷуз ӯ, ҳамчунин намояндаи Ҳизби мардумии Покистон Аитзаз Аҳсан ва номзад аз якчанд иттиҳодияҳои мухолифин Маулан Фазл-ур-Раҳмон низ рақобат карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.