Дар Қирғизистон лоиҳаи қонун дар бораи тасдиқи Созишнома байни Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳузури шаҳрвандон ба овоздиҳӣ фиристода шуд.

Дар ҷаласаи Жогорку Кенеш (парлумон) имрӯз, 12 сентябр вакилон дар қироати аввал лоиҳаи қонун дар бораи тасдиқи Созишнома байни ҳукуматҳои Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар бораи тартиби ҳузур (будубош)-и шаҳрвандони ҳарду кишвар дар қаламрави ҳамдигар баррасӣ намуданд.

Тавре дафтари матбуоти Жогорку Кенеш хабар медиҳад, созишномаи мазкур санаи 1 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

Гуфта мешавад, дар созишнома имкони ҳузури шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон бидуни қайд аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо то 60 рӯзи тақвимӣ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли 2018 президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар ҷараёни ин сафар аз ҷумла созишномаи мазкур ба тасвиб расида буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.