Муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, ки чанд рӯз пеш аз машварати САҲА оид ба ҳуқуқи башар аз Варшава баргашт, ба “Азия-Плюс” дар бораи воқеаи рухдода дар он ҷо маълумот дод.

Мансабдори давлтӣ мегӯяд, зимни дар Варшава ҳузур доштанаш ба шахсоне, ки суд дар Тоҷикистон онҳоро ҷинояткор эътироф кардааст, авф ваъда накардааст.

“Ман умуман дар бораи маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳарф назадаам, чӣ тавре ки баъзе ВАО менависанд, зеро ба хубӣ медонам, ки дар давлати мо чунин маҳбусон нестанд”, - изҳор дошт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” Сафаров.

“Дар мо сиёсатмадороне дар маҳбас қарор доранд, ки барои содир намудани ҷинояти мушаххас аз ҷониби суд ба муҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд, лекин инҳо маҳбусони сиёсӣ нестанд”, - таъкид дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, дар ҳошияи машварати САҲА дар Варшава намояндагони мухолифини тоҷик, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ наздаш омада, дархост намудаанд, ки маълумоти дар баъзе ВАО нашршуда дар бораи авфро шарҳ диҳад, ки ба гуфтаи онҳо, метавонад чанде аз аъзои фаъоли Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон ҳамчун террористӣ манъшудаи наҳзати исломиро ҳам фаро гирад.

“Ман ба онҳо гуфтам, ки эълони авф ваколати истисноии Президент Эмомалӣ Раҳмон аст, - гуфт Сафаров. – Ман ба Кабирӣ нагуфтаам, ки он ба наздикӣ эълон мешавад, тавре ки ӯ дар ВАО изҳор мекунад”.

“Касе, ки ҷиноят содир накардааст, метавонад баргардад”

Сафаров эътироф намуд, ки чанде аз аъзои ҳайати ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла худи ӯ низ дар ҷаласаи Эътилофи миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби чор гурӯҳи мухолифини тоҷик созмон дода шуд, иштирок кардаанд.

“Зимни суханронӣ дар он ҷаласа ман қайд кардам, ки на ҳамаи шаҳрвандони шомили эътилоф ба содир кардани ҷиноят дар Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд ва маҳз аз ҳамин шахсон ман даъват кардам, ки ба ватан баргарданд ва агар мушкилоте дошта бошанд, бо ҳукумат ба муколама пардозанд”, - таъкид дошт Сафаров.

“Аммо ба ин даъвати ман роҳбари ҲНИ бо тарзи худ вокуниш нишон дода, изҳор дошт, ки гӯё “намояндагони музокиракунандаи мо дар зиндонҳои Душанбе нишастаанд”, вале ман ба ӯ посух додам, ки даъвати ман танҳо ба касоне дахл дорад, ки ҷиноят содир накардаанд”, - иброз дошт Сафаров.

Сиёсатмадор гуфт, то ҷое, ки ӯ огаҳӣ дорад, на ҳамаи аъзои Эътилофи миллӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар Аврупо қарор доранд, мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон мебошанд.

“Чунки аксари тоҷикистниёни шомили ин эътилоф бо корҳои вобаста ба тиҷорату варзиш, таҳсил, мушкилоти оилавӣ ва дигар масъалаҳо ба Аврупо рафта, дар вақти барояшон дилхоҳ ба Тоҷикистон баргашта метавонанд”, - қайд кард сиёсатмадор.

Қаблан як манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати хабар дода буд, ки чунин гуфтугӯ шудааст: “Кабирӣ худаш назди Сайфулло Сафаров омада, дар бори маҳбусон ба баҳс оғоз намуд ва Сафаров посух дод, ки оянда онҳо озод карда мешаванд”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.