Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 73-юм иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки санаи 18 сентябр дар Ню-Йорк ба коршурӯъ намуд, иштирок намекунад. Ӯро вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин иваз мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Сарвари давлати Тоҷикистон рӯзо 27-28 сентябри соли равон ҳамтоёни худро аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе ба ҳузур мепазирад ва бо ҳамин сабаб аз сафар ба Ню-Йорк даст кашид.

Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 сентябр зимни суханронӣ аз минбари СММ аз давлатҳои узви Созмон даъват ба амал овард, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ тадбирҳои қотеъонаи муштарак рӯйи кор гирифта шавад.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз кишварҳои рушдёфта ва сохторҳои байнулмилалӣ даъват карда буд, ки дар мавриди таъмини шароити мусоид ба муҳоҷирони корӣ ва мусоидат ба кишварҳои содиркунандаи қувваи корӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои корӣ дар кишварҳои худ иқдом варзида шавад.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин аллакай дар Ню-Йорк қарор дошта, дар қароргоҳи СММ бо Раиси Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ (МУ СММ), вазири корҳои хориҷии Эквадор  хонум Мария Фернанда Эспиноза мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои СММ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамчунин роҷеъ ба мавзӯъҳои амнияти минтақавӣ ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба об ва беҳдошт табодули афкор намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.