Шоми рӯзи 27 сентябр дар Бӯстонсарои Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ Шоми дӯстӣ ташкил карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,дар Шоми дӯстӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайру гашти шомгоҳӣ баромада, аз намоишгоҳи неъматҳои табии диёри биҳиштосои мо дидан намуданд.

1/31

Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар мавзейи зебою назаррабои Бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил карда шуда, дар роҳравҳои алоҳидаи он  ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд.

Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полизиҳо, меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто, ба мисли ангуру меваҳои донадор, хушкмеваҳои босифат, аз қабили мағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд ва меҳмонони олиқадр ба ҳар як маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъмашонро озмуданд ва ба сифату таъми ҳар як маҳсулот баҳои баланд доданд.

Шоми дустӣ барои Сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои узви ИДМ хеле писанд омад ва меҳмонони олимақом бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд.