Ҳайати парлумонии Ӯзбекистон таҳти сарварии раиси Кумитаи сенати ин кишвар оид ба масоили мудофиа ва амният, роҳбари Гурӯҳи дӯстии парлумони Ӯзбекистон бо парлумони Тоҷикистон Фаррух Додохӯҷаев нимаи моҳи ноябр ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари Гурӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистон бо парлумони Ӯзбекистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Зуфар Исмоилзода хабар дод, сафари ҳайати парлумонии кишвари ҳамсоя бори нахуст дар доираи тавофуқҳои ҳосилшуда байни сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки Гурӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистон бо парлумони Ӯзбекистон аввали солҳои 2000-ум таъсис ёфта, гурӯҳи ба ин монандро ҷониби Ӯзбекистон аввали соли равон таъсис дод.

Зимни сафари ҳайати парлумони Ӯзбекистон ба Душанбе ҷонибҳо ният доранд, ки масъалаҳои ҳамкории мутақобила дар самти қонунофарӣ, табодули таҷриба ва роҳандозии робитаҳои мустақим байни вакилони мардумиро баррасӣ кунанд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки охири сол ҳайати парлумониии Тоҷикистон низ бо сафари ҷавобӣ ба Ӯзбекистон меравад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.