Президенти Россия Владимир Путин шаби рӯзи панҷшанбе бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байнулмилалии ба номи Ислом Каримов ӯро президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифт.

Тавре хабаргузории Подробно. уз иттилоъ медиҳад, чорабиниҳои асосии сафари сарвари давлати Россия имрӯз, 19 октябр баргузор мешаванд.

Дар ҳошияи сафар Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин дурнамои таҳкими шарикии стратегӣ ва иттиҳод, амалисозии лоиҳа ва барномаҳои нави муштарак дар доираи ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ намуда, атрофи масоили байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои сафар қабули Изҳороти муштараки сарони кишварҳо ва имзои бист санади дучониба пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин имзои шартномаҳои бузурги сармоягузорӣ ва қарордоҳои тиҷоратӣ байни корхонаҳои пешрафтаи Ӯзбекистон ва Россия ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.