Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо дастури раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба баррасии масоил бо Маскав дар мавриди ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва зарурати таъмини нафақаи онҳо аз ҷониби корфармоён ҷиддӣ омодагӣ мегиранд.

Ин масъалаҳои меҳварие хоҳанд буд, ки дар ҷараёни баргузории Форуми байнипарлумонии “Россия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ” дар Маскав рӯзҳои 24-26 октябр мавриди баррасии ҷиддӣ қарор мегиранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Форум таҳти роҳбарии раиси Шӯрои Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки Форуми байнипарлумонии Россия ва Тоҷикистон мунтазам ҳар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.

Ҷониби Тоҷикистон муътақид аст, ки дар ин давра форум ба як воситаи пурсамари роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд байни парлумонҳои кишварҳо табдил ёфт.

Дар ҷараёни кори форум баррасии ҷанбаҳои минтақавии ҳамкории байнипарлумонӣ, рушди робитаҳои мутақобила дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, ҳамкориҳои гуманитарӣ, масоили сиёсати аграрӣ-озуқаворӣ дар назар аст.

Дар чаҳорчӯби кори форум ҳамчунин ҷаласаи Комиссияи байнипарлумонӣ оид ба ҳамкорӣ, мизҳои гирд ва дигар чорабиниҳо доир мегарданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.