Ҷаласаи ҳарсолаи машваратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон 23 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи марказӣ, матбуот ва дипломатияи оммавӣ Эмилия А. Пума ҳайати намояндагони Иёлоти Муттаҳидаро дар ҳафтумин ҷаласаи ҳарсолаи машваратӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 октябри баргузор мегардад, сарварӣ менамояд.

Ҳамроҳии кордори Сафортаи ИМА Кевин Коверт, ҳайати байниидоравӣ масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои стратегии дуҷонибаро бо ҳамтоёни тоҷики худ баррасӣ менамоянд, ки масъалаҳо роҷеъ ба мубориза бо ифротгароии хушунатомез, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидат ба ҳамгироии минтақавию рушди иқтисодӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Машваратҳои ҳарсолаи мазкур муколамаи аз ҳама мукаммалтарин байни ду кишвар ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби ҳарду тараф дастгирӣ карда мешавад. Ин муколама имкон медиҳад, то ҷонибҳо муносибатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистонро дар соли гузашта таҳти баррасӣ қарор дода, ҷанбаҳои нави ҳамкориҳои ояндаро муайян кунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.