Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 22 октябр муовини Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Эмилиа Пумаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки ёвари Котиби давлатии ИМА ҷиҳати иштирок дар машваратҳои ҳафтуми дуҷонибаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону ИМА ба Душанбе ташриф овард, ки имрӯз дар Душанбе ба кор оғоз мекунад.

Дар машваратҳо аз ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар соли равон натиҷагирӣ шуда, дурнамои ҳамкориҳои минбаъда муайян карда мешаванд.

Роҳбари ҳайати ИМА хонум Эмилиа Пума ҳамроҳ бо Кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт бо ҳамтоёни тоҷики худ ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд.

Аз ҷумла, дар вохӯрӣ баррасии масоили ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ифротгароии зӯроварона ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳамчунин мусоидат ба таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва рушди иқтисод дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.