“Зимни машваратҳои дуҷониба мо масъалаи озодии ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён гузошта, аз ҳукумати Тоҷикистон бозбинии парвандаи адвокат Бузургмещр Ёровро дархост кардем”, - хабар дод имрӯз зимни вохӯрӣ бо журналистон муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, матбуот ва дипломатияи ҷамъиятӣ Эмилия Пума.

Бино ба гуфтаи ӯ, онҳо аз ин вазъ нигаронӣ изҳор намуда, кушоду шаффоф ин масъаларо баррасӣ кардаанд.

“Ҳукумати шумо ҷавобҳои худро пешниҳод намуд, ки мутаассифона, ман ин ҷо ифшо карда наметавонам, лекин доир ба ин масъала мо нигаронии худро изҳор кардем”, - қайд кард Эмилия Пума.

Ба қавли дипломат, онҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва имкони пешниҳоди озодиҳои бештар ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро низ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

“Мо дархост намудем, ки ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ озодиҳои бештар дода шавад, то ки онҳо ба роҳандозии фаъолияти худ ба таври озодона имкон дошта бошанд. Ҳамчунин таъмини амнияти онҳоро хоҳиш кардем”, - хабар дод ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 23 октябр дар Душанбе машваратҳои ҳафтуми дуҷонибаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону ИМА доир гардида, дар он аз ҳамкориҳои давлатҳо дар соли равон натиҷагирӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда муайян карда шуданд.

Пеш аз машварат муовини Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Эмилиа Пумаро Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки адвокат Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба ҳабс гирифта шуд. Суди шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2016 Бузургмеҳр Ёровро ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Моҳи марти соли 2017 Суди олии Тоҷикистон Ёровро барои «беэҳтиромӣ нисбати суд» зимни суханрониаш ҳангоми баррасии парвандаи якум боз ба 2 соли дигари зиндон маҳкум кард. Баъдан нисбати Бузургмеҳр Ёров боз ду парвандаи ҷиноӣ - ба гумони қаллобӣ ва таҳқири Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон боз шуд.

Ҳамин тариқ, муҳлати умумии ҷазои адвокат Бузургмеҳр Ёров акнун 28 соли зиндонро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.