Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар Индонезия ба президенти ин кишвар Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки хабари фоҷиавии суқути ҳавопайморо дар наздикии ҷазираи Яваи Ҷумҳурии Индонезия, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, мардуми Тоҷикистон бо андуҳи хеле зиёд қабул кард.

“Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон бирасонед”, - изҳори тасаллият мешавад дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои мусофирбари  Boeing 737 мансуб ба ширкати ҳавонавардии  Lion Air баъди парвоз аз фурудгоҳи Ҷакартаи Индонезия дучори садама шуд.  Ҳавопаймо бо 189 мусофир, аз ҷумла 3 нафар кӯдакон ба ҳаво хеста буд ва даҳ дақиқа пас аз парвоз аз назари радарҳо ғайб зад.

Бино ба хабари пойгоҳи иттилотии Flightradar ҳавопаймо дар баҳри наздикии соҳилҳои Ява сарнагун шуд. Сарнишинони чандин киштиҳои ин минтақа хабар доданд, ки шикастапораҳои ҳавопайморо пайдо кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.