Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат гуруҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россияро таҳти сарварии Раиси Ҳизби Либерал - Демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, низомиву техникӣ ва илмию фарҳангӣ, ки самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи шарикии стратегӣ ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ карда, густариши муносибатҳои минбаъдаи байнипарлумониро аз манфиатҳои муштараки ду кишвар  арзёбӣ намуданд.

Зимни суханронии худ Владимир Жириновский ба саҳм ва талошҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия баҳои баланд дод.

1/6

“Шумо сиёсатмадори дурандеш, Президенти мардумӣ ва Асосгузори давлати навини Тоҷикистон ҳастед. Дар марҳилаи барои давлату миллати тоҷик бисёр ҳассос Шумо муҳтарам Президент мардумро аз вартаи ҳалокат ва давлатро аз нобудшавӣ раҳо бахшидед, - гуфт сиёсатмадори рус. - Мо нисбати Шумо эҳтироми самимӣ дорем ва Шуморо ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадпеша ва бунёдкор эътироф мекунем”.

Қаблан Владимири Жириновскийро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мушриддин ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ, саноат, энергетика, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Интизорӣ меравад, ки имрӯз Владимир Жириновский ба Бухоро рафта, бо ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихии ин шаҳри қадим аз наздик шинос мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.