Дар шаҳри Душанбе байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба масоили таъмини иттилоотии сиёсати беруна ва кор бо васоити ахбори умум марҳилаи аввали машваратҳои дуҷониба доир гардиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, ҷонибҳо дар мавриди фаъолият дар бахши дипломатияи умумӣ табодули таҷриба намуда, самтҳои асосии густариши ҳамкорӣ байни сохторҳои иттилоотии давлатҳоро дар ҳошияи рушди бемайлони ҳамкориии ҳамаҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, мувофиқи барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо, машваратҳои минбаъда бояд соли 2019 дар Тошканд баргузор шаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.