Бо ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзи 16 июл якумин нишасти вазирони сиғаи “Осиёи Марказӣ – Чин” дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин абзори нав дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19, барқароркунии иқтидори иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, зимни суханронӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин қайд кард, ки ҳамкории муштарак дар чаҳорчӯби сиғаи нави “Чин – Осиёи Марказӣ” ва абзорҳои дигар муҳим арзёбӣ мегардад ва дар рушду тақвияти шарокати стратегии миёни кишварҳои минтақа нақши муҳим мебозад.

Бо ишора ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ бар асари шуюи ҳамагирии Ковид-19, Сироҷиддин Муҳриддин аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки барои пешгирии баъдии сирояти коронавирус ва барқарор кардани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа чораҳои муассир андешида шаванд.

Сурат: ВКХ ҶТ

Қайд гардид, ки ҳамагирии Ковид-19 башариятро бо таҳдид ва чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст. Ба ин муносибат, ӯ аз кишварҳои иштироккунанда даъват ба амал овард, то дар мубориза бо паёмадҳои ҳамагирӣ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда муттаҳид шаванд.

Таъкид гардид, ки ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои заруриро ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории ҳамагир меандешад. Дар ин замина, ӯ барои ёрӣ ва дастгирии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо шуюи коронавирус изҳори сипос кард.

Сироҷиддин Муҳриддин роҷеъ ба мавзӯъҳои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ таъкид намуд, ки бояд татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикаву саноат ва кишоварзӣ сурат гирифта, иқтидори содирот афзун гардад ва интиқоли бетаваққуфи бор таъмин шавад.

Зимнан қайд шуд, ки ҳамкориҳои кишварҳои минтақа дар соҳаи амният барои сулҳи босубот ва устувор дар Афғонистон аҳаммияти хоса дорад. Ин ҳамкориҳо омили калидӣ ҷиҳати таъмини амният дар минтақа маҳсуб ёфта, соири кишварҳо бояд барои барқарорсозии соҳаи иҷтимою иқтисодии ин кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.