Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҳайати мушоҳидони байналмилалиро аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ДНДҲИ/САҲА) оид ба арзёбии интихобот таҳти роҳбари Ивилина Алексиева-Робинсон, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” Бахтиёр Худоёрзода оид ба фаъолияти ошкорои Комиссия вобаста ба тайёрӣ ва баргузор намудани интихоботи президенти Тоҷикистон ба ҳайати мушоҳидон иттилоъ дод.

Зимни суҳбат зикр гардид, ки ҷиҳати шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихоботи дарпешистода Комиссия дар самти фаъолгардонии электорат, пешбурди корҳои иттилоотию машваратӣ, истифодаи платформаҳои нави иттилоотӣ дар ин раванд, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷалби назарраси занон дар ҳайати комиссияҳои интихоботӣ, волонтёрон, риояи чораҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии пандемияи СOVID – 19 дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дар рӯзи интихобот, омодагии комиссияҳои интихоботӣ ба баргузории интихобот ва дигар масъалаҳои вобаста ба интихоботи президенти ҷумҳурӣ корҳои мушаххас ба анҷом расонидааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин доир ба дигар масъалаҳои вобаста ба  муқаррароти қонунгузории интихоботии мамлакат, низоми интихоботӣ, вазифаҳои комиссияҳои интихоботӣ ва нақши мушоҳидони байналмилалию миллӣ дар раванди интихобот мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ оид ба арзёбии интихобот аз ДНДҲИ/САҲА фаъолияти худро ҷиҳати мушоҳидаи раванди интихоботи президенти Тоҷикистон оғоз намуд.

Зикр мегардад, ки омодагиҳо ба маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, бомаром идома доранд. Бо мақсади шаффоф, ошкоро ва демократӣ гузаштани интихобот, инчунин мушоҳидаи раванди он ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалӣ аз хориҷи мамлакат ва созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда истодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.