Раиси Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) изҳор дошт, ки то ҳол дақиқ намедонад, ки барои кадом амалҳои ғайриқонунӣ рӯзи шанбе муовинашро боздошт кардаанд.

Раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” гуфт, ӯ имрӯз як гурӯҳ аз фаъолони ҳизбро барои муайян кардани сабабҳои боздошти муовинаш Маҳмурод Одинаев ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон мефиристад.

Ба гуфтаи Зойиров, ӯ рӯзи 4 декабр, як рӯз пеш аз боздошт бо Маҳмурод Одинаев гуфттугӯ кардааст.

“Он замон гуфт, ки ӯро барои дигарандешӣ таъқиб мекунанд ва вақте кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои боздошт ба хонааш меоянд, маҷбур шудааст, ки гурезад”, - қайд кард Зойиров.

Раиси ҲСДТ таъкид дошт, ки барои ҳимояи Маҳмурод Одинаев ҳизб дар фурсати назди адвокати касбӣ киро мекунад.

Қаблан Раҳматилло Зойиров зимни як нишасти матбуотии вижа ба расонаҳо хабар дода буд, ки Маҳмурод Одинаев ҳангоми фирор аз як амалиёти маъмурони интизомӣ пойлуч будааст, ки зимни гурехтан пойҳояшро хунук задааст ва ҳоло машғули табобат аст.

Баъдан Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 5 декабр дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 58-солаи шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаев дар қаламрави ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.