Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Нур-Султони Қазоқистон шуд.

Тавре маркази матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Рустами Эмомалиро муовини раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Аскар Шокиров ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии ҷумҳуриро раисони кумитаҳо, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба иттилои як манбаи “Азия-Плюс” дар парлумони ҷумҳурӣ, дар Нур-Султон дидору гуфтушунидҳои Рустами Эмомалӣ бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, раиси сенати парлумони Қазоқистон Маулен Ашимбоев ва дигар шахсони расмӣ дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.