Имрӯз, 12 октябр сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса оғоз мешавад, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Дар ҷараёни сафар дидору гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ дар назар буда, зимни ин вохӯриҳо масъалаи вазъ дар Афғонистон низ баррасӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки дар Осорхонаи миллии санъати шарқ - Гимеи шаҳри Париж доир мегардад, иштирок мекунад.

Инчунин иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари кории ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг) ба нақша гирифта шудааст.

Сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Фаронса то 14 октябр идома меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.