Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл аз ҳамсояҳои шимолии Афғонистон даъват кард, то дар пешгирӣ аз амали ба қавли ӯ,  монанд ба "суистифодаи муҳоҷирон бо мақсадҳои сиёсӣ аз ҷониби мақомоти Беларус" кумак кунанд. Ин изҳороти вай зимни нишасти 17-уми вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе садо дод, иттилоъ медиҳад хабаргузории Фергана.

Жозеп Боррелл ва комиссар оид ба шарикии байнулмилалӣ Ютта Урпилайнен дар Душанбе бо вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон дидора гуфтушунид карданд.

“Ман ба вазирон аз вазъи сарҳадҳои Иттиҳоди Аврупо бо Беларус маълумот дода, аз онҳо дархост намудам, ки дар пешгирии чунин воситаи истифодаи одамон бо хатари ҷонашон ба онҳо кумак кунанд: яъне чун Беларус, ки мардумро фиреб дода, онҳоро муътақид месозад, ки бо парвоз тариқи Минск роҳ ба Аврупо боз мешавад, рафтор накунанд”, - изҳор доштааст Жозеп Боррелл дар брифинг.
Сурат: mfa.tj

Урпилайнен зимни суханронӣ гуфтааст, ба собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ бастаи асноди Иттиҳоди Аврупоро оид ба дастгирии Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд евро муаррифӣ кардааст, ки қариб нисфи он амалан барои кишварҳои ҳамсоя пешбинӣ шудааст.

Аммо дар бораи интизориҳои Брюссел бобати ба ивази кумаки молиявӣ аз ҷониби кишварҳои ҳамсояи Афғонистон пазируфтани паноҳандагон аз ин кишвар чизе гуфта нашуд. Мақомоти ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ дар мавриди ин масъала то ҳол ягон омодагии махсусро баён накардаанд.

Дар баёнияи муштарак иштирокчиёни нишасти 17-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ зарурати фаъолсозии ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва мубориза бо вуруди ғайриқонунии онҳоро таъкид сохтанд.

Дар мавриди сарҳади Беларус бо Лаҳистон (Полша) зикр кардан бамаврид аст, ки ин мушкилот аввали моҳи ноябр рӯйи кор омад. Мақомоти Беларус ба ҳазорон гурезаҳо аз кишварҳои гуногуни ноамн, аз қабили Ироқу Сурия, Афғонистон ва ғайра имкон доданд, ки ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.