Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 декабр ба порлумони кишвар паём медиҳад, ки интизор меравад муҳимтарин масоили ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳадафҳои милливу минтақаӣ дар он баррасӣ шавад.

Ҳамасола баъд аз паёми раисҷумҳур дар Тоҷикистон аз ҳисоби вакилони порлумон, кормандони баландпояи давлатӣ, устодони донишгоҳҳо ва дигар марказҳои илмиву таҳқиқотӣ гуруҳҳои корӣ барои шарҳу тафсири паём ташкил ва ба манотиқи кишвар сафарбар мешаванд. Барои ҳамин аз масоиле, ки дар паёми ҳарсолаи раисҷумҳур матраҳ мешаванд, ҷомеа интизор дорад, ки пайомадҳои мусбате доранд.

Мақомот мисли ҳарсола нагуфтаанд, ки мавзӯи суҳбати имсолаи Эмомалӣ Раҳмон чӣ хоҳад буд, вале коршиносон бо ишора ба ҳаводиси як соли охир мегӯянд, бояд масъалаи баландшавии нархҳо, бекорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзоиши қарзҳои беруна, манъи додани имтиёзҳо ба ширкатҳо, бознигарии кадрҳо, роҳҳои ҳалли ҳаводиси ахири Бадахшон ва барҳам додани чанд сохтори маҳаллӣ баррасӣ шавад.

Дар паёмҳои гузашта президент бештар аз муваффақиятҳо мегуфт ва ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлати Тоҷикистонро эълон мекард. Вале бархе коршиносон мегӯянд, баъди паём баъзе аз ислоҳоти ҷузъӣ сурат мегирад, аммо дар умум авзоъ ба таври чашмрас тағйир намекунад.

Мавзуъи № 1 - ВМКБ. "Агар президент дахл кунад, вазъ ҳал мешавад"

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов бар ин назар аст, ки аҳолӣ аз паёми президент пеш аз ҳама баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ, баландшавии нархҳо дар бозорҳои кишвар, бекорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин, чолишҳову вокуниш ба буҳрони иқтисодӣ, расонидани кӯмак ба гурӯҳҳои камбизоат, намояндагони соҳибкории хурд ва миёнаро мунтазиранд.

Ӯ мегӯяд, масъалаи дигаре, ки бояд дар паёми имсола раисиҷумҳур ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир шавад, ҳарчи тезтар ва бо роҳи сулҳомез ба эътидол овардани вазъ дар Бадахшони Тоҷикистон аст.

Парвиз Муллоҷонов

Ба таъкиди Муллоҷонов мардум умедворанд, ки агар Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба ин масъала таваҷҷуҳ намояд, сатҳи таниш дар вилоят пойн хоҳад шуд.

- Ин масъалаи доғи рӯз аст, ки на танҳо аҳолиии Бадахшон, балки ҳамаи мардуми кишварро нигарон мекунад. Мардум умедвор аст, ки агар раисиҷумҳур дар паёми имсолаи худ роҳҳои сулҳомези ҳалли масаъларо ба вижа таъкид намояд, сатҳи таниш дар вилоят ҳатман поён хоҳад рафт,- гуфт Парвиз Муллоҷонов.

Раиси ҳизб: Ҳаводиси Хоруғ дар паём баррасӣ нашавад

Вале ба андешаи вакили парлумон ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Рустам Раҳматзода шарт нест, ҳамаи масъалаҳои дохилӣ, махсусан вазъи охири Хоруғ дар паём баррасӣ шавад. Чунки ба гуфтаи ӯ, давлате нест, ки дар сиёсат ва ҷиноят проблемаҳои дохилӣ надошта бошад ва Тоҷикистон, ки давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст, бояд волоияти қонунро таъмин кунад.

Рустам Раҳматзода

Дар ҳамин ҳол, вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, супоришҳои ҳукумат дар вилоятҳо ба мардум дуруст намерасанд.

Ӯ бовар дорад, ки дар паём масъалаи ихтисори кормандони бархе вилоятҳо баррасӣ мешавад, чунки бархе сохторҳои вилоятӣ нодаркор мебошад.

- Вақте супоришҳо ба ниҳодҳои вилоятӣ меафтад, филтр ва дар онҷо боз як системаи фасоди дигар пайдо мешавад, махсусан дар масъалаи пул ва тақсимоти базаи моддӣ-техникӣ. Шояд сохторҳои вилоятиро ба як шакле коҳиш бидиҳанд,- бовар дорад Усмонзода.

Номбурда бо ишора ба вазъи кунунии минтақа ва дохили кишвар бовар дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ барқарор кардани имтиёзҳои сохторҳои қудратиро низ бознигарӣ мекунад.

Ҳамчунин, Усмонзода умедвор аст, ки бояд масъалаи сатҳи сохтмону меъмории шаҳри Душанбе ҳам дар паём баррасӣ шавад.

- Сохтмонҳо бояд сифати хуб ва сохти шарқӣ-тоҷикӣ дошта бошанд. Аксарияти биноҳои имрӯза тарҳи биноҳои аврупоиро доранд ва ба роҳ наздиканд. Кӯчаҳои шаҳр бояд кушодтар бошад,- гуфт Усмонзода.

Аз нагирифтани қарзу артиши камбағалпарвар то лағви имтиёз ба ширкатҳо

Ба таъкиди ин вакили порлумон, масъалаи дигаре, ки бояд ҷиддӣ баррасӣ шавад, ин қарзҳои беруна аст, ки сол то сол зиёд мешаванд ва бояд барои кам кардани он механизмҳои дигар истифода шавад.

- Дигар бо қарз чизе насозем, чунки иқтисодиёти кишвар намебардорад. Дар оянда ин қарзҳоро баргардонидан лозим аст ва акси ҳол мо мутеъи онҳо мешавем,- гуфт Усмонзода.

Саидҷаъфар Усмонзода

То ҳудуди 25 ҳазор сомонӣ пардохтан барои аз хидмати ҳарбӣ озод шудан низ, аз масъалаҳоест, ки ба гуфтаи ин вакил, бояд дар паёми имсола мавриди баррасӣ қарор гирад.  Чунки ба гуфтаи ӯ, ин маблағ хеле гарон аст ва бештари аҳолӣ имкони пардохти онро надоранд.

Ба бовари Усмонзода ин ба он оварда мерасонад, ки артиш бо ҷавонони заиф пур шавад, зеро ба он бештар фарзандони камбағал ҷалб шаванд.

Усмонзода бовар дорад, ки дар паём имтиёзҳои андозиву гумрукии бархе корхонаву ташкилотҳо барҳам дода мешавад. Чунки онҳо барои дастгирӣ ва таъмини бозори дохилӣ, паст кардани нарх ва баланд намудани рақобат дар бозор барои муҳлати муайян дода шуда буданд ва имрӯз вақти он расидааст ки он ширкатҳо бар ивази кӯмакҳо “худро нишон диҳанд”.

Худсарии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ поён дода шавад

Вакили собиқи маҷлиси Душанбе, профессори ҳуқуқ Баҳодур Раззоқов идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ, мубориза бо фасод, бекифоятӣ дар фаъолияти сохторҳои хоҷагидории шаҳри Душанбе ва ҳаводиси охири Хоруғро аз масъалаҳое медонад, ки бояд дар паёми имсола аз забони шахси аввал садо диҳад.

- Ҳама вазифаҳое, ки дар рафти идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ аз рӯи стратегия пешбинӣ шуда буданд, иҷро нашуданд ва мо дар нимароҳ мондем, - мегӯяд Раззоқов.

Ӯ гуфт, ҳарчанд имрӯз, бо фасод мубориза бурда истодаем, вале он нокифоя аст. Ба таъкиди вай, мисоли равшан экспертизаи зиддикоррупсионии баъзе қонунгузориҳо аст, ки онҳо рӯякӣ анҷом дода мешавад.

Баҳодур Раззоқов

- Масалан, чанде пеш дар кишвар ба қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ тағйиру илваҳо ворид гардид ва бо маблағ иҷро кардани хизмати ҳарбӣ муайян шуд. Вале ин қонун критерияҳоро муайян накард, ки чӣ гуна он роҳандозӣ мешавад. Дар натиҷа, фасод дар ин соҳа авҷ гирифт, амалҳои худсарона рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Чунин санадҳо дар бояд доираи васеи экспертҳо аз экспертизаи лоиҳаи қонунҳо гузаранд,- гуфт собиқ вакили шаҳрӣ.

Масъалаҳои дигаре ки ба гуфтаи ӯ бояд дар паёми имсола баррасӣ шавад, ин бознигарии фаъолияти сохторҳои хоҷагидории шаҳри Душанбе ва таҳлили фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ аст, ки дар баъзе мавридҳо худсарӣ ва зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.

- Масалан, мо ҳоло як сохтор бо номи Хоҷагии манзилию камунлаӣ дорем, ки фаъолияти он муаллақ мондааст. Фаъолияти он то ба ҳол аз рӯи қонуни соли 2009 мувофиқат намекунад. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории соҳаи манзилию комуналӣ муайян кардааст, вале кадом субъект дар сатҳи маҳаллӣ ба ҷавобгарӣ мекашад то ҳол маълум нест,- мегӯяд Баҳодур Раззоқов.

Ҷомеаи фикриву огоҳ ва доираҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон паёми ҳарсолаи раисҷумҳурро ба унвони санаде медонанд, ки дар он бояд масъалаҳои усуливу калидии сиёсату иқтисоди кишвар матраҳ ва иҷроӣ шудани онҳо ҷиддан назорат шавад. Аксараи коршинсон мегӯянд, ки аз паём набояд ба унвони як абзори идеологиву таблиғотӣ истифода шавад, балки масоили матраҳшуда дар он бояд ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва такмили низоми давлатдорӣ мусоидат кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.