Иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи толибон Муҳаммад Яъқуб дар тамрини ҳарбӣ-ҳавоии рӯзи 11 январ изҳор доштааст, ки ҳавопаймоҳои онҳо, ки дар Тоҷикистон ё Ӯзбекистон қарор доранд, бояд баргардонида шаванд.
“Мо намегузорем, ки ин ҳавопаймоҳо дар хориҷа бимонанд ва ё аз ҷониби ин кишварҳо истифода шаванд”, - овардааст гуфтаҳои ӯро шабакаи телевизионии TOLOnews.
Ба иттилои манбаъ, ӯ огоҳ кардааст, ки агар кишварҳое, ки ҳавопаймоҳо дар он ҷо қарор доранд, онҳоро барнагардонанд, ба оқибатҳояш дучор хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, моҳи августи соли гузашта пас аз сарнагун шудани ҳукумати пешинаи Афғонистон ба ин ду кишвар зиёда аз 40 чархбол парвоз кард.
Тавре ки TOLOnews ишора мекунад, неруҳои пешинаи ҳарбӣ-ҳавоии Афғонистон 164 ҳавопаймо ва чархбол дар ихтиёр дошта, ҳоло бошад, танҳо 81 адад боқӣ мондааст.
“Боқимонда аз Афғонистон ба кишварҳои гуногун рабуда шуданд”, - изҳор менамоянд толибон.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар 18-уми августи соли 2021 ба “Азия-Плюс” оварда шудани ин чархболҳоро ба Тоҷикистон таъйид карда буд ва гуфта буд, ки аксари ин чархболҳо низомиянд. Аммо сафир гуфта буд, ки теъдоди дақиқашро намедонад.
Қобили зикр аст, ки аз тирамоҳи соли гузашта Толибон, ки дар моҳи август қудратро ба даст оварда буданд, талош доранд ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳавоии собиқи Афғонистонро баргардонанд. Бо ин ҳавопаймо ва чархболҳо низомиёни ҳукумати пешин ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд.
Ба мо то ҳол муяссар намешавад, ки дар мавриди ин масъала аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон шарҳе бигирем.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Русия ба муҳоҷирон истифодаи бепул аз хидматрасониҳои тиббӣ иҷоза мешавад
Cохтмонҳо дар Душанбе ба тартиб дароварда мешаванд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон санҷишҳои ташхиси COVID-19-ро дар марз ва фурудгоҳҳо пурзӯр мекунад
«Моро фаромӯш накунед»: Паёми Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба дӯстон аз боздоштгоҳи тафтишотӣ
Панҷ мушак ба қаламрави Ӯзбекистон афтодааст, эҳтимол аз Афғонистон
Содироти тарбуз аз Ӯзбекистон бамаротиб аз рекорди солҳои пешин зиёдтар аст
Путин ва Эрдуғон ҳам аз иқдомоти Мирзиёев ҳимоят карданд
Толибон содироти молро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тариқи Ӯзбекистон роҳандозӣ карданианд
Агентии обуҳавошиносӣ: Чангу ғубор дар Тоҷикистон то 8 июл боқӣ мемонад
“Сомон Эйр” парвозҳоро бозмедорад. Ҳавопаймо намерасад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста