Бо ризояти  раисҷумҳури Тоҷикистон Парвиз Файзуллозода ва Суруриддин Зиёваддинзода муовини аввал ва муовини раиси шаҳри Исфара ва Мамнур Нурзода муовини шаҳрдори Бӯстони вилояти Суғд таъин шудаанд. Муовинони тозатаъини шаҳрдории Исфара то ин вақт ҳам дар ҳукумати ин шаҳр соҳибмансаб буданд ва дар ҳамин шаҳр зода шудаанд.

Парвиз Файзуллозода то расидан ба мақоми муовини аввали шаҳрдори Исфара сардори Раёсати иқтисод ва савдо ва Суруриддин Зиёваддинзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара буданд.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи шаҳрдори Исфара ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ин ду чеҳраи барои кобинаи ҳукумати Исфара ошно бегоҳии 8-уми апрел дар ҷаласае бо ҳузури Баҳоваддин Баҳоддурзода, шаҳрдори Исфара муарривӣ шуданд.

Ӯ гуфт, муовини аввал ва муовини навтаъин ҳамакнун дар бахшҳои идеологӣ, дин, бойгонӣ, ҷавонон ва варзиш корро пеш мебаранд.

Чанд соли ахир курсии муовини аввали раиси Исфара холӣ буд, ки ҳамакнун Парвиз Файзуллозодаи 43-сола ин мақомро соҳиб шуд.

Ӯ  3-уми августи соли 1979 дар шаҳри Исфара таваллуд шуда, тахассуси олии муҳандис-технологро дорад. Хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли 2005 буда аз соли 2003 ба ҳайси  инструктор-методист оид ба варзиши ҶДММ “МНА 35” ба кор оғоз карда то вазифаи мудири мошинсарой (гараж) ва муовини директори генералии ин ширкат кор кардааст. Солҳои 2016-2017 сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, солҳои 2017-2019 мудири бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва аз ноябри соли 2019 то расидан ба мақоми муовини аввали шаҳрдори Исфара, сардори Раёсати иқтисод ва савдои ҳукумати ин шаҳр буд.

Суруриддин Зиёваддинзода 47-сола низ зодаи Исфара буда дорои тахассули олии муҳандис-барқчӣ, иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо буда ӯ низ хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мебошад.

Зиёваддинзода аз соли 1997 ба ҳайси барқчӣ, усто, муҳандис ва фуруши қувваи барқ дар иншоотҳои истеҳсоли нефт ва гази Иттиҳодияи истеҳсолии “Ленинободнефтугаз” ва сардори сехи таъмин ва танзими таҷҳизотҳои барқӣ дар истеҳсоли нефт ва гази ҶДММ “Петролеум-Суғд” кор кардааст. Солҳои 2014-2018 раиси ҷамоати деҳоти Хонаобод буд. Солҳои 2018-2019 ба ҳайси роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Исфара ва аз моҳи майи соли 2019 то расидан ба курсии муовини раиси шаҳр раиси Кумитаи иҷроияи ҲХД-и Тоҷикистон дар Исфара буд.

Дар ҳамин ҳол, муовини тозатаъини шаҳрдори Бӯстон  Мамнур Нурзода ҳам то ин вақт дар ҳукумати ин шаҳр мақомҳои гуногун доштааст. 

Мамнур Нурзода соли 1990 дар  ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда ва хатмкардаи зинаи бакалавр ва магистратура бо ихтисоси дизайнер, омўзгори санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология ва риштаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳои давлатии Хуҷанд мебошад.

Дар ҳукумати Бӯстон ба унвони мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  мудири бахши корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр кор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.