Эрлан Абдилдаев сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин шудааст. Ду моҳ пештар, дар оғози моҳи феврал Жаниш Рустенбеков, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон аз мақом барканор шуда буд.
Расонаҳои қирғиз, зӯҳри имрӯз, 12-уми апрел хабар доданд, ки раисҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов бо судури як фармон Эрлан Абдилдаевро сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин кардааст.
Абдилдаев қаблан сафири Қирғизистон дар Олмон ва вазири корҳои хориҷии кишвараш буд ва 56 сол дорад. Ӯ соли 1966 дар Алма-Ато зода шуда, миллаташ қирғиз мебошад ва забонҳои қирғизӣ, русӣ, чинӣ ва англисиро медонад.
Рӯзи 2-уми феврал Қирғизистон сафираш дар Тоҷикистон Жаниш Рустенбековро аз ин мақом бозхон кард, вале сабаби барканории ӯ гуфта нашуд. Рустенбеков аз моҳи декабри соли 2018 то оғози моҳи феврали имсол сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон буд.
Қаблан хабаргузории 24.kg. навишта буд, ки “моҳи майи соли гузашта кумитаи профилии Жогорку Кенеш ба ӯ изҳори нобоварӣ карда буд. Аммо бо вуҷуди ин, дипломат бозхонда нашудааст”.
Ӯ дар ҳоле аз мақом барканор шуда буд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари ҳамсоя давоми як соли ахир дар робита ба ҳаводиси марзӣ муносибати хуб надоранд. Охири моҳи апрели соли гузашта дар марзи ду кишвар муноқишае сар зад, ки оқибат ба хун печид ва аз ду ҷониб даҳҳо захмиву кушта шуданд. Ва ин ҳодиса боз шаби 27-уми январи имсол ва чанд рӯз пеш аз барканонии Жаниш Рустенбеков ба вуқӯъ пайваст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста