Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба шаҳри Маскави Русия сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад. 

Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав дар вохӯрии сарони кишварҳои СПАД ба ифтихори 30-солагии ин имзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси СПАД ширкат кунад.

Дар ин  дидор, ҳамчунин раисони ҷумҳуриҳои Қазоиқистон Қосимҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Белорус Александр Лукашенко, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин ширкат кунанд. 

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти сафар маълумот надодааст. Гуфта нашудааст, ки мулоқоти дуҷонибаи раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтоҳояш дар СПАД дар назар ҳаст ё не.

Аммо расонаҳои русӣ хабар додаанд, ки пас аз нишасти сарони СПАД Владимр Путин бо шуморе аз сарони кишварҳои узви СПАД гуфтушунидҳо хоҳад дошт. 

Дар назар аст, ки аъзои Шӯрои амнияти дастаҷамии СПАД вазъи минтақаи масъулияти созмон, рушди ояндаи онро баррасӣ кунанд ва дар нашри Изҳороти ҷашнии СПАД ширкат кунанд. 

Дар соли 2022 садорати СПАД ба Арманистон дода мешавад. 

Паймони амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расид. Баъдан Узбекистон аз узвияти ин созмон берун рафт. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.