Як ҳайати ИМА таҳти сарварии ёвари котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу аз 23 то 27 май аз Қирғизистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид мекунад.

Дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА ҳадаф аз сафар таҳкими муносибатҳои ИМА бо минтақа ва пешбурди талошҳои муштарак баҳри рушди ҳамкориҳо, таъмини амният ва ба минтақаи шукуфо табдил додани Осиёи Марказӣ унвон шудааст.

Ба ҳайат мудири пешбари Шӯрои амнияти миллӣ дар Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин, муовини ёвари вазири мудофиа оид ба Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Ребекка Симмерман, муовини ёвари маъмури Агентии ИМА оид ба умури Осиё Анҷали Каур ва муовини сардори шуъбаи масоили сиёсати Корпоратсияи молиявии ИМА оид ба масоили рушди байнулмилалӣ На Эл-Хатиб шомиланд.

Гуфта мешавад, дар Қирғизистон ҳайат бо мансабдорони воломақомом, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохтори иқтисодӣ вомехӯрад, то ки бо ёрии онҳо ИМА тавонад арзишҳои умумӣ, фарҳанги маҳаллӣ ва рушди иқтисодиро дастгирӣ кунанд.

Дар Ӯзбекистон вохӯриҳо бо мансабдорони давлатӣ, намояндагони тиҷорат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба нақша гирифта шуда, дар онҳо баррасии масоили таҳкими шарикии иқтисодӣ, дастгири ИМА дар масоили тавсеъаи ҳуқуқ ва имконоти занон дар назар аст.

Сипас ҳайат ба Тоҷикистон раҳсипор гардида, бо шахсони воломақоми расмӣ дидору гуфтушунид мекунад ва дар машваратҳои ҳамасолаи дуҷониба байни Тоҷикистону ИМА масоили рушди робитаҳои иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳоро дар соҳаи амният баррасӣ мекунад.

Зимни мулоқоти Доналд Лу бо ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасии масоили кумаки башардӯстона ва дигар дастгириҳо ба паноҳандагони афғон, риояи ҳуқуқи башар ва ташаббусҳои муштарак дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва нақши занон дар ҷомеа пешбинӣ шудааст.

Дар Қазоқистон ҳайат бо мансабдорони баландпоя ва пешвоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрда, атрофи барномаи ислоҳот дар ин кишвар, масоили тақвияти ҳимоя аз ҳуқуқи башар ва тавсеъаи ҳуқуқ ва имконоти занон табодули назар мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.