Масъулини бахши тоҷикии радиои “Озодӣ" шуморе аз мусоҳибаҳои ин расонаро дар мавриди сулҳи тоҷикон, ки дар солҳои гуногун бо шахсиятҳои дахил дар ин музокирот анҷом дода буданд, дар шакли як китоб гирдоварӣ ва таҳти унвони “Роҳи душвори сулҳ. Гуфтугӯ бо сулҳофарон" нашр кардаанд.

Масъулини ин расона навиштаанд, ки ин китоб ба ифтихори 25-солагии имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки ба ҷанги дохилии солҳои 1992-97 поён гузошт, нашр гардид.

- Ин китоб нишон медиҳад, ки сулҳи Тоҷикистон бо чӣ сахтиҳое ба даст омадааст. Бисёре аз ин матолиб бори аввал нашр мешаванд ва дорои арзиши бузурги таърихиянд, - навиштаанд масъулини Радиои “Озодӣ”.

Гуфта мешавад, ки дар китоб бори аввал матни пурраи мусоҳибаҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси собиқи ИНОТ ва Комиссияи оштии миллӣ, Бурҳонуддин Раббонӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон, Гердт Дитрих Меррем, намояндаи пешини СММ дар музокироти сулҳи Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, муфтӣ ва муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон, Абдулмаҷид Достиев, муовини собиқи раиси Шӯрои олии Тоҷикистон,  Ливиу Бота,  роҳбари пешини намояндагии нозирони СММ дар Тоҷикис­тон, Иброҳим Усмонов, мушовири пешини раисҷумҳур дар бахши иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Анатолий Адамишин, муовини пешни вазири корҳои хориҷии Русия, Маҳмуди Шабистарӣ, сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон, Владимир Горяев, ёвари собиқи дабири СММ, Рамазон Мирзоев, сафири вақти Тоҷикистон дар Русия дар замони ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва дигарон нашр шудааст.

Нашри китоб дар мавриди сулҳи тоҷикон дар ҳолест, ки соли равон аз имзои ин созишнома, ки онро дар Тоҷикистон созишномаи тақдирсози истиқрори сулҳ ва разоияти миллӣ низ меноманд, 25 сол пур мешвад.

Музокироти сулҳи тоҷикон бо баргузор шудани чанд давр дар Бишкеку, Ишқободу Тошканду Исломободу Теҳрон ва Кобулу Хостдеҳи Афғонистон, ниҳоят 27-уми июни соли 1997 дар Маскав  ба имзо расид, ки зери он Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ имзо гузоштанд. 

Сулҳи тоҷикон яке аз намунаҳои нодири таҷрибаи сулҳофарӣ дар дунё дониста мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.