Дар  ноҳияҳои Данғараи вилояти Хатлон, Фирдавсии Душанбе ва Рӯдакӣ интихоботи миёндаврӣ баргузор мешавад. Қарор аст ин интихобот 14 августи соли 2022 баргузор шавад. Дар ин бора Кумитаи марказии интихоботу раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) хабар медиҳад.

Вакилони ин ноҳия, дар пайи тағйироти кадрии имсол ба вазифаҳои гуногун таъин шуданд ва ҳоло курсиҳои онҳо холӣ мебошад.

КМИР  дар ин маврид мегӯяд, ки "дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рўдакӣ №9 ва Данғара №36 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда баргузор мегардад"

Ин тасмим, имрӯз, 8-уми июн дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.