Владимир Путин, Президенти Русия Семён Григоревро Сафири нави фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон таъйин кард.

Ӯ дар ин маснад Игор Лякин-Фроловро иваз намуд. Лякин-Фролов аз соли 2013 сафири Русия дар Тоҷикистон буд.

То замони таъйин шудан ба ин вазифа Семён Григорев дар ВКХ роҳбарии департамент оид ба робита бо субъектҳои Федератсия, парламент ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба зимма дошт.

Гуфтан ба маврид аст, ки ӯ қаблан низ дар Тоҷикистон ба ҳайси мушовири сиёсии дафтари САҲА фаъолият кардааст. Муддате дар сафорати Русия дар Афғонистон ва Эрон ҳамчун мушовир кор кардааст.

Ҳамчунин, Семён Григорев солҳои 2008-2018 ба ҳайси аввалин сафири Русия дар Ҷумҳурии Абхазия адои вазифа намудааст.

Сафири нав донандаи забонҳои форсӣ, англисӣ ва пашту мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.