Кумитаи байнулмилалии ҳимояи журналистон аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват кардааст, ки фавран иҷозатномаи кори 6 журналисти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ (Радио Свободная Европа/Радио Свобода (РСЕ/РС) барқарор карда шавад.

«Ҳукуматдорони Тоҷикистон бояд фавран иҷозатномаи кор (аккредитасия)-и 6 корманди бахши тоҷикии Радио Озодиро, ки баъди аз ҷониби онҳо рад шудани хориҷ кардани яке аз маводҳо дар сомона қатъ шуд, барқарор намоянд», - гуфта мешавад дар изҳороти Кумита дар ин робита, ки дар РИА Новости нашр шудааст.

Қайд мешавад, ки сабаби ин тасмиме, ки санаи 25 ноябр аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гирифта шуд, нашри мавод «дар бораи таъини духтари президент ба мансаби баланд дар вазорат» аст.

«Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ худи ҳамон рӯз хабар дод, ки мувофиқи маълумоти мансабдор ва сомонаи вазорат, духтари президент Эмомалӣ Раҳмон - Рухшона Раҳмонова муовини сардори яке аз Раёсатиҳои ВКХ таъин шудааст. Хабарҳои ба ин монандро дигар ВАО ҳам нашр карданд», - зикр кардаанд дар Кумита.

Гуфта мешавад, баъдан намояндаи ВКХ ба идораи хабаргузорӣ занг зада, талаб мекунад, ки мавод аз сомона хориҷ шавад, вагарна иҷозатномаи кори журналистон бозхонд мешавад. «Сипас вақте мавод аз сомона гирифта намешавад, 6 журналист ба ВКХ даъват шуда, ба онҳо хабар дода мешавад, ки амали иҷозатномаи кори онҳо боздошта шудааст», - қайд мешавад дар маълумот.

Дар Кумитаи ҳимояи журналистон зикр кардаанд, ки ин амал «бидуни шарҳи сабабҳо» сурат гирифтааст. «Эҷоди монеъаҳо барои журналистон ҳангоми иҷрои корашон хабарро аз байн намебарад, балки таваҷҷуҳи иловагиро ба он ҷалб мекунад», - иброз доштааст дар ин робита муовини директори иҷроияи Кумита Роберт Махони.

Ёдрас мекунем, ки Радиои Озодӣ қаблан иттилоъ дода буд, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон "аккредитатсия" ё муҷаввизи кори 6 хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанберо қатъ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти мазкур дар бораи духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон то ҳол дар сомонаи расмии идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар бахши «Сохтори ВКХ ҶТ» мавҷуд аст.