Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ озмун эълон карда, маош ба мутахасисон аз 603 то 895 сомонӣ муқаррар шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 20 феврал дар бораи эълони озмун барои ишғоли 31 мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Хоҳишмандони иштирок барои ишғоли мансабҳои сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассиси раёсату шуъбаҳо бояд то 12 март ҳуҷҷатҳои худро ба шаҳрдорӣ пешниҳод карда, ҳамчунин ҳатман маълумоти олии касбӣ ва тибқи талаботи муқарраргардида ба мансаби интихобнамуда собиқаи корӣ дошта бошанд.

Музди меҳнати моҳонаи сармутахассис - 895 сомонӣ (112 доллар бо қурби Бонки миллӣ), мутахассиси пешбар - 733 сомонӣ (92 доллар) ва мутахассис - 603 сомонӣ (76 доллар) муқаррар шудааст.