Аввали моҳи июл нишастҳои хабарии навбатии ҷамъбастии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида, роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017 гузориш хоҳанд дод.

Ин нишастҳои матбуотӣ санаи 10 июл оғоз гардида, то 4 август идома меёбанд. Нахуст нишастҳои хабарии раҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ доир мегарданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар супориши мазкур зикр гардидааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.