Имрӯз дар бинои нави ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст маърӯзаи Президенти Тоҷикистон кишвар “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017” шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, дар шаш моҳи соли 2017 сарфи назар аз таъсири манфии идомаёбандаи вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 24023,0 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он ба 106,0 фоиз баробар гардид ва ҳаҷми умумии даромади буҷет дар сатҳи 99,5 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 9292,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.

Президенти иброз намуд, ки имконоту захираҳои мавҷуда дар самти амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба таври пурра ва самаранок истифода нагардидаанд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2017”, хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” ва лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи таҳсилоти калонсолон” пешниҳод карда шуд ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол гардид.

Роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҳамзамон вазифадор карда шуданд, ки аз ҳозир ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода омодагии ҷиддӣ дида, тамоми иқтидору имконоти мавҷударо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими сармо сафарбар намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои таъмини иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ», вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва кишти такрорӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, тақвияти тадбирҳои омодагӣ аз пешгирии хавфу хатарҳои офатҳои табиии марбут ба вазъи боду ҳаво ва тақвияти тадбирҳои зидди сӯхтор дастуру супоришҳои мушаххас дод.