Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) Сайфиддин Назарзодаро барои пуршукӯҳу ҳангомадор баргузор кардани тӯйи писараш аз мансаб сабукдӯш кард. Директори нави Китобхона аллакай ба кормандон муаррифӣ шуд.

Сайфиддин Назарзода, ки нимаи моҳи июли соли равон узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд, барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» аз кор озод карда шуд. Ӯ моҳи декабри соли 2014 ба ин вазифа таъин шуда буд.

Дар бораи ба қонуншиканӣ роҳ додан дар тӯйи писари Назарзода дар барномаи «Ахбор»-и шабаки телевизиони «Тоҷикистон» гузориш намоиш дода шуд.

Бино ба маълумоти шабакаи телевизион, тӯйи Фирдавс, писари Назарзода дар тарабхонаи «Шоира Люкс»-и пойтахт доир гардида, тибқи маълумоти журналистон, дар он беш аз 300 нафар ҳузур доштаанд, ҳарчанд қонун ба 150 нафар иҷоза медиҳад.

Баъди намоиши гузориш Сайфиддин Назарзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва як қатор ВАО изҳор кард, ки ба қонуншиканӣ даст назадааст ва иттиҳомот нисбати ӯ кори дасти душманонаш мебошад.

Ҳамин рӯз бо фармони Президент, Абдусалом Мирализода директори нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин карда шуд. То ин замон ӯ ба ҳайси муовини ректори Донигоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Абдусалом Мирализода, директори нави КМТ
Акс аз сомонаи dmt.tj

Қобили зикр аст, ки зимни суханронӣ дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» Эмомалӣ Раҳмон Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор кард, ки дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро дар масъалаи аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод кардани хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин, бамаротиб зиёд намудани маблағи ҷарима барои соҳибкорону сарватмандон, ходимони дин ва дигар шахсоне, ки талаботи қонунро риоя намекунанд, ба ҳукумат пешниҳод намоянд.