Шӯрои палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯзаи худ лоиҳаи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Президент ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои Қонунҳои ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»,  «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Роҳбари фраксияи парлумонии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Бахтовар Сафарзода бо итминон изҳор кард, ки ҳамаи 43 нафар вакилони ҳизб якдилона аз ташаббусҳои навбатии Пешвои миллат, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ва арзишҳои миллӣ нигаронида шудааст, ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Сафарзода, пешниҳодҳои Сарвари давлат оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» асосан аз пешниҳодҳои сокинони ҷумҳурӣ, ки зимни сафарҳои Президент ба минтақаҳо садо доданд, таҳия шудаанд.

Зимни суханронии имрӯза дар ҷаласа раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров тағйиру иловаҳои пешниҳодшударо аз ҷониби президент ба қонуни зикршуда «иқдоми инқилобии сарвари давлат» унвон кард.

Ӯ ҳамчунин хотиррасон намуд, ки тағйиру иловаҳо ба қонун бо назардошти ақидаву пешниҳодҳои сокинони кишвар таҳия гардида, ҳадафи асосии он ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ, сарфаи маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии ҳар як қишри ҷомеа аст.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳамаи тағйиру иловаҳои аз ҷониби Президент пешниҳодшуда ҷиҳати баррасии муфассал ба кумита ва комиссияҳои соҳавии палатаи поёнии парлумон фиристода шуданд.

Дар иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки санаи 23 август баргузор мешавад, доир ба масъалаҳои зикргардида қарори ниҳоӣ қабул хоҳад шуд.