Ҳукумати Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳурӣ дастур додааст, ки «қарзҳои аз бонкҳо гирифтаи одамонро, ки барнамегардонанд, то дирами охирин» баргардонанд.

Ин дастур ҳанӯз охири моҳи октябр содир шуда, мувофиқи он мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани қарздорон ҳуқуқ доранд.

Супориши зикршуда ба Прокуратураи генералӣ, ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дода шудааст.

«Чанд ҳодисаи барнагардонидани қарзҳо зарурати ҷалби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ин масъала ба миён овард. Ғайр аз ин, шумори чунин қарздорон зиёд шуда, иҷрои қарорҳои суд аз рӯи ин масъалаҳо аксаран хеле зиёд тӯл мекашад», - иброз дошт ба «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси «Агроинвестбонк» Шуҳрат Забиров.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар бораи ин дастури ҳукумат ба онҳо зимни маҷлиси охири моҳи октябр хабар додаанд.

Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, котиби матбуотии ВКД, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳое ба ин масъалаҳо ҷалб карда мешаванд, ки «муштариёни бонк қарзро аз рӯи таъиноташ истифода набурда, гузашта аз ин, онро баргардониданӣ нестанд».

«Мо мутобиқи Кодекси ҷиноии ҶТ дар доираи моддаҳои 264 (Ғайриқонунӣ гирифтани кредит), 265 (Ғайриқонунӣ додани кредит), 266 (Саркашии бадқасдона аз адои  қарзи кредиторӣ) ва 268 (Ғайриқонунӣ истифода бурдани  маблағ) амал мекунем. Мутобиқи ин моддаҳо ҳам қарздорони беинсофу ҳам кормандони бонк, ки ғайриқонунӣ қарз додаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд», - гуфт ӯ.