Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тасдиқи Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи «Таҳкими зерсохтори ниҳоят муҳим барои таъмини устуворӣ ба хатарҳои табиӣ», ки байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба имзо расидааст, ба таъхир гузошта шуд.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Меҳринамо Ҷонмаҳмадова иттилоъ дод, ки дар доираи амалисозии ин лоиҳа муддати панҷ соли минбаъда дар ноҳияҳои ВМКБ сохтмони 18 пул (купрӯк) ва дар вилояти Хатлон анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масофаи 31 километр пешбинӣ шудааст.

Ӯ хотиррасон намуд, ки барои амалисозии лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 50 млн. доллар маблағ ҷудо карданист, ки 25 млн. доллараш грант мебошад.

Дар шарҳи ин масъала раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки «ҳамасола ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷумҳурӣ миллионҳо сомонӣ маблағ сарф мешавад».

«Вале соли минбаъда ин соҳилҳо боз ба мустаҳкамкунӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳеҷ касе дар ин бора касеро намепурсад. То вақте ки роҳбарони вазорату идораҳои ҷавобгӯ ба амалисозии чунин лоиҳаҳо ба мо дар бораи корҳои иҷрокардаашон ва нақшаҳояшон маълумот надиҳанд, тасдиқи ин созишномаро мавқуф мегузорем», - гуфт Зуҳуров ва вакилон дар ин масъала ӯро ҷонибдорӣ карданд.