Зимни суханронӣ дар ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони сохторҳои давлатӣ нигаронӣ изҳор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Паём зикр гардид, ки соли 2017 аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ нисбат ба соли 2016 зиёд шудааст.

Аз ҷумла президент зиёд шудани чунин ҷиноятҳоро миёни кормандони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, кор бо ҷавонон ва варзиш, судҳо ва бонкҳо зикр кард.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ тамоюли зиёдшавӣ дошта, дар муқоиса ба соли 2016-ум 25 фоиз афзудааст.

Дар ин робита ба роҳбарони вазорату идораҳо, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллӣ дастур дода шуд, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро танҳо тавассути озмун ба роҳ монда, барои тоза кардани сафи мақомот аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва татбиқи усулҳои муассири назорати дохилӣ чораҷӯӣ намоянд.