Андоз барои истифодбарандагони роҳҳои автомобилгард дар Тоҷикистонро, ки ҳуқумат бекор карданашро ваъда дода буд, бекор намешавад. Қаблан пешбинӣ шуда буд, ки ан андоз аз 1 январи соли 2018 бекор карда мешавад.

Охири соли гузашта Вазорати молияи ҷумҳурӣ изҳор намуда буд, ки агар соли 2017 андози «роҳ» бекор мешуд, ба буҷети давлатӣ 360 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид мегардид. Он замон вазорат пешниҳод кард, ки бекор кардани андози мазкур то аввали соли 2018 мавқуф гузошта шавад.

Лекин чанд рӯз пеш ҳукумати Тоҷикистон бо дархости бори дигар мавқуф гузоштани бекор кардани ин андоз - акнун то охири соли 2020 ба парлумон муроҷиат кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Алҳол маълум нест, ки вакилон ба ин дархост чӣ гуна муносибат мекарда бошанд: Маҷлиси намояндагон ин масъаларо то охири моҳи декабр баррасӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз соли 2012 зимни баррасӣ ва қабули Кодекси нави андоз эълон шуда буд, ки ҳаҷми андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард аз моҳи январи соли 2016 кам шуда, минбаъда умуман бекор карда мешавад.

Дар Паёми худ ба парлумон аз 23 апрели соли 2014 президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор карда буд, ки андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз 1 январи соли 2015 коҳиш ёфта, аз 1 январи соли 2017 пурра бекор мешавад. Вале…

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми даромади буҷети кишвар дар соли 2018 аз андози истифодаи роҳҳои автомобилгард 360 млн. сомонӣ муқаррар шудааст. Дар бораи чӣ гуна пардохт шудани андози мазкур аз ин суроға маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.