Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҷаласаи имрӯза Созишнома дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ»-ро тасдиқ намуд.

Созишнома байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Меҳринамо Ҷонмаҳмадова иттилоъ дод, ки дар доираи амалисозии ин лоиҳа муддати панҷ соли минбаъда дар ноҳияҳои ВМКБ сохтмони 18 пул (купрӯк) ва дар вилояти Хатлон анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масофаи 31 километр пешбинӣ шудааст.

Ӯ хотиррасон намуд, ки барои амалисозии лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 50 млн. доллар маблағ ҷудо карданист, ки 25 млн. доллараш грант мебошад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода имрӯз зимни суханронӣ назди вакилони парлумон қайд кард, ки созишномаи зикршуда аввалин созишномаест, ки Душанбе бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи пешгирии офатҳои табиӣ ба имзо расонид.

Зимнан хотиррасон шуд, ки тайи 5 соли ахир офатҳои табиӣ ба хоҷагии истифодабарии роҳи кишвар ба маблағи наздики 63 млн. сомонӣ зиён расонидааст.

Сардори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон Холмурод Раҳмонзода дар ин робита зикр кард, ки айни замон дар саросари ҷумҳурӣ 947 дарё бо масофаи умумии беш аз 30 ҳазор километр мавҷуданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар мавсими тирамоҳу баҳор аксари дарёҳои кишвар бар асари обхезӣ ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарар меоваранд.

Ҳамаи намояндагони ҳукумати кишвар ба вакилони мардумӣ итминон доданд, ки созишномаи мазкур хушсифат ва дар муҳлати муқарраршуда ба иҷро хоҳад расид.