Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пули навро баъди таъмир мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои роҳҳои нави мошингард шинос шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ ба таври расмӣ пули роҳи оҳан, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозиро, ки чаҳор ноҳияи пойтахтро ба ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Лоиҳаи азнавсозии Пули роҳи оҳан аз ҷониби ҶДММ «Лоиҳаинвест» ва ҶДММ «Зебосоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби иншоот аз ҷониби КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» бо маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ амалӣ карда шудааст.

«Дар доираи азнавсозии пули мазкур дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунақкаши оҳанӣ зинат дода шуда, аломатҳои ороишии онро воситаҳои сершумори равшанидиҳанда, ки ранги онҳо ба таври худкор иваз мегардад, зинати иловагӣ мебахшанд», - омадааст дар маълумоти шаҳрдорӣ.

Раиси пойтахи рӯзи 27 декабр ҳамчунин корҳои таъмиру навсозии пули роҳи оҳани воқеъ дар буриши хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, наздикии маҷмаааи «Наврӯзгоҳ» ва маркази савдои «Ёвар» оғози расмӣ бахшид.

Пули мазкур солҳои 20-уми асри гузашта (соли1929) бо дарозии беш аз 67 метр бунёд гардида, бори охир соли 1978 азнавсозӣ шудааст ва бо гузашти солҳои зиёд пул ва иншооти атрофи он таъмирталаб гардидаанд.

Дар ҳамин ҷо ба раиси шаҳри Душанбе лоиҳаи сохтмони 4 иншооти коммуникатсионии шаҳр  - роҳи автомобилгард аз дарвозаи ғарбии шаҳр то маҳаллаи Чортут бо дарозии 7,3 км ва паҳноии 53 то 60 метр бо инобати 8-хати ҳаракат,  роҳи автомобилгарди кӯчаи Ҳабибулло Назаров аз кӯчаи Ҳуснобод то хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо дарозии 1 километр ва паҳноии 25 метр, роҳи автомобилгард аз кӯчаи Соҳилӣ бо баромад ба кӯчаи Низомии Ганҷавӣ бо дарозии 0,94 километр ва паҳноии аз 27 то 43 метр ва роҳи автомобилгард аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Қаҳҳоров бо дарозии 0,8 километр ва паҳноии 65 метр муаррифӣ карда шуд.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе

Гуфта мешавад, маври баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳҳои мазкур ҷиҳати аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт ва коҳиш додани ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳр мусоидат хоҳанд кард.

Зимни шиносоӣ бо ҷузъиёти лоиҳаҳои мазкур, Рустами Эмомалӣ ба масъулини сохторҳои марбута дастур дод, ки дар вақти татбиқи лоиҳаҳо тамоми талаботи технологӣ ва қоидаҳои роҳсозии муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ба инобат гирифта шуда, зимни  азнавсозии ин ва дигар иншооти коммуникатсионии пойтахт ба тарҳу намуд, сифати иҷрои корҳо ва паҳноии роҳ диққати махсус дода шавад.