Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси охирини ҳукумат дар соли равон доир гардид, ки дар он нақшаи кор барои нимсолаи аввали соли 2018 қабул шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис ҳисоботи вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён доир ба иҷрои нишондиҳандаҳои қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018» шунида шуд.

Лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ”, “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, ба Кодекси ҷиноятии ҶТ маъқул шуморида шуда ба баррасии парлумон иросл шуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон инчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” ирсол карда шуд.

Дар маҷлиси ҳукумат ҳамчунин масъалаҳои таъсиси чор ниҳоди нав, аз ҷумла Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт, Раёсати назорат ва танзим дар нақлиёти ҳавоии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт қарори дахлдор қабул шуд.

Ҳамчунин доир ба таъсиси КВД Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар заминаи хадамотҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар заминаи киностудияи “Тоҷикфилм” ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои “Тоҷиккино”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

1/6

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳадафи таъсиси ҳамаи ниҳодҳои нав ба хотири ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, ҳифзи сиҳатии омма, назорати қатъӣ аз рӯи воридоти маҳсулоти хӯрокаи пастсифату ба саломатии инсон зараровар, маводи доруворӣ ва беҳдошти фаъолияти озмоишгоҳҳо мебошад.

Дар робита ба ин Президенти мамлакат супориш дод, ки дар сохторҳои нав мутахассисони баландихтисоси ин соҳаҳо ба кор ҷалб карда шаванд.

Дар фарҷоми кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба ҳарчи зудтар таҳия кардани Нақша - чорабиниҳо ва пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳии бандҳои Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ баҳри иҷрои ҳатмии супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, дастурҳои мушаххас дод.

Ба ҳукумати мамлакат, раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар саросари кишвар, ба хусус дар пойтахти кишвар, таъсиси ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал, намоиш фуруши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, таъмини пурраи аҳолӣ бо гармӣ, неруи барқ ва маводи ғизоӣ супоришҳо дода шуд.