Дар ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон санаи 18 январ аз нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2017 натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои рушди кишвар дар соли 2018 муайян карда мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласа таҳти раёсати презиенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шунидану баррасӣ ва таҳлили ҳисоботҳои роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ, ҳамчунин роҳбарони марказҳои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бораи корҳои иҷрошуда дар назар аст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар ин ҷаласаи ҳукумат ба масоили афзоиши маҳсулоти воридотивазкунанда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар кишвар, ҷалби сармоягузориҳои мустақими дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки маъмулан аз рӯи чунин ҷаласаҳо бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати раҳбарии вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тағйироти кадрӣ сурат мегирад.

Аммо, ба ақидаи коршиносон, воқеияти имрӯзаи Тоҷикистн чунин аст, ки барои тағйироти кадрӣ ба президент мунтазир шудани ҷаласаи ҷамъбастӣ зарурат надорад. Мувофиқи ҳуқуқҳои конститутсионии худ, президенти Тоҷикистон дар ҳама гуна вақт метавонад дар сохтори ҳукумат, ҳайати раҳбарии вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатии минтақаҳо тағйироти кадрӣ анҷом диҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.