Сафороии ҳарбии пуршукӯҳ, ки санаи 23 феврал пешбинӣ шуда буд, барпо намешавад. Тамоми восита ва нерӯ ба омодагии ҷашни 30-юмин солгари истиқлолият сафарбар мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ин масъала дар ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сафороии ҳарбии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе ки санаи 23 феврал ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд, баргузор намешавад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дастур додааст, ки чунин гузашти пуршукӯҳи низомиро 9 сентябри соли 2021 ба ифтихори ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ барпо намояд.

«Ҳукумат ҳамчунин ба ҳамаи вазорату идораҳо супориш дод, ки баргузории тамоми чорабиниҳои бузурги соҳавии худро дар ҷашни 30-умин солгарди истиқлолияти кишвар ба нақша гиранд», - қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ин дастур дар доираи Фармони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз 19декабри соли гузашта «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» сурат мегирад.

Дар ин фармон президент ба ҳукумат дастур дод, ки дар муҳлати ду моҳ Кумитаи тадорукотро таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои ҷашнро тасдиқ намояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.