Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,  Раҷаббой Аҳмадзода, ки ба ҳайси раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ кор мекард, ба ҷойи ӯ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки рӯзи 13 январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти иҷроияи вилояти Суғд бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон маросими муаррифии Раиси нави вилоят баргузор гардид.

Asia-Plus

Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба Абдураҳмон Қодирӣ барои фаъолияти пурсамараш аз номи Ҳукумати ҶТ изҳори сипос намуда, ба и.в. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар иҷрои вазифаи пурмасъулият барору комёбиҳо таманно намуд.

Зикр мегардад, ки Раҷаббой Аҳмадзода 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.

Соли 1993 Институти химия- технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси «Муҳандис-химик-технолог» ва соли 2010 Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси «Иқтисодчӣ» хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи заводи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори заводи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Қайроққум ва раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Аз 30 марти соли 2016 то январи соли 2018 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.