Дар ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз 18 январ дар Душанбе доир мегардад, аз нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар соли 2017 натиҷагирӣ шуда, нақшаи кор дар соли 2018 баррасӣ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷаласа таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баррасиву таҳлили ҳисоботҳои раҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, ҳамчунин роҳбарони марказҳои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар назар аст.

Ҳисоботи сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи ҳукумат, 18 январи соли 2018
Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ба масъалаҳои афзоиши ҳаҷми маҳсулоти воридотивазкунанда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисоди кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ба ақидаи сарчашмаи хабар, ҷаласаи ҳукумат шояд наздикии бегоҳи ҳамин рӯз кори худро ба анҷом расонад.

Ҷаласаи ҳукумат, я8 январи соли 2018
Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Қобили зикр аст, ки маъмулан аз рӯи чунин ҷаласаҳо бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати раҳбарии вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тағйироти кадрӣ сурат мегирад.

Аммо, ба ақидаи коршиносон, воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон чунин аст, ки барои тағйироти кадрӣ ба президент мунтазир шудани ҷаласаи ҷамъбастӣ зарурат надорад.

Ҷаласаи ҳукумат, 18 январи соли 2018
Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Мувофиқи ҳуқуқҳои конститутсионии худ, президенти Тоҷикистон дар ҳама гуна вақт метавонад дар сохтори ҳукумат, ҳайати раҳбарии вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатии минтақаҳо тағйироти кадрӣ анҷом диҳад.