Нимаи дуюми рӯзи 16 феврал таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи 14-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати 5-ум доир гардид.

Вакилони Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ивази номи чанде аз шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишин, аз ҷумла шаҳрҳои Қуғонтеппа ва Сарбанд якдилона дастгирӣ карданд.

Мувофиқи қарори қабулшуда, шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, Сарбанд – ба Леваканд, ноҳияи Бохтар – ба Кӯшониён, шаҳраки Восеъ – ба Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ – ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии ноҳияи Ёвон – ба Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри ноҳияи Ёвон – ба Боғдара ва деҳаи Будинободи ноҳияи Ёвон – ба Зарриндашт табдили ном карданд.

Ғайр аз ин, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ вакилон аз қонунҳои қаблан дар палатаи поёнии парлумон қабулшуда «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Тоҷикистон», «Дар бораи зироати ғалладона ва маҳсулоти коркарди он» , «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» низ ҷонибдорӣ намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.