Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳоди президент дар бораи таъини Қарахон Чиллазода ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагон хабар дод.

То таъин шудан ба мансаби нав Қарахон Чиллазода ба ҳайси роҳбари Раёсати молияи вилояти Хатлон ифои вазифа мекард. То моҳи декабри соли 2016 ӯ ба сифати раиси шаҳри Сарбанд фаъолият дошт.

Раиси пешини Палатаи ҳисоб Фаррух Ҳамрализода моҳи январи соли равон бо фармони президент роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъин шуд.

Имрӯз баъди тасдиқи таъинот ба мансаб роҳбари нави Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода назди вакилони мардумӣ ба ватан ва хизмати давлатӣ савганди садоқат ёд мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.