Вакилони палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯза норозигии мардуми қариб тамоми минақаҳои кишварро ба роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода расониданд.

Ба гуфтаи вакилон Абдуҳалим Ғаффоров ва Саидҷаъфар Исмонов, як қисмати муайяни истифодабарандагони нерӯи барқ аз он шикоят доранд, ки ҳисобкунакҳои насбшуда ба талаботи меъёрҳо ҷавобгӯ набуда, нодуруст кор мекунанд: ҳолатҳое ҷой доранд, ки ҳисобкунакҳо истифодаи барқро аз миқдори ҳақиқиаш бамаротиб зиёд нишон медиҳанд.

«Оё ҳисобкунакҳои барқии ба кишвари мо воридшуда аз Чин ба меъёрҳои худи ин давлат ё ҳадди ақал ба меъёрҳои яке аз кишварҳои Африқо ҷавобгӯ бошанд?», - савол дод вакил Исмонов ба раиси ширкати «Барқи тоҷик».

Ба ҳамаи ин саволҳо Мирзо Исмоилзода посух дод, ки имрӯз дар саросари кишвар 1 млн. 300 истифодабарандагони барқ пурра бо ҳисобкунакҳо таъмин гардидаанд. Ӯ далели сабти нишондиҳандаи зиёди ҳисобкунакҳоро рад намуда, зикр кард, ки «арзу шикоятҳои расида аз ҷониби аҳолӣ ҳамеша санҷида мешаванд».

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз раиси ширкати «Барқи тоҷик» пурсид, ки чаро давра ба давра тарифҳо ба истифодаи нерӯи барқ дар кишвар зиёд мешаванд.

«Болоравии тарифҳои истифодаи барқ асосан ба он марбутанд, ки солҳои охир Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти низоми энергетикии ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 2 млрд. доллар қарз гирифта, барои баргардонидани маблағи қарз мо маҷбурем, ки тарифҳоро зиёд кунем», - посух дод Мирзо Исмоилзода.

Ёдрас мекунем, ки айни замон аҳолии Тоҷикистон барои истифодаи 1 киловатт/соат нерӯи барқ 16,85 дирам маблағ пардохт мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.